Омодагӣ ба соли нави таҳсил-истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар ин замина
Давоми солҳои охир талабот ба маҳсулоти корхонаҳои тавлидотии ватанӣ афзудааст. Аз ин лиҳоз истеҳсолкунандагони ватанӣ низ талош доранд, бо пешниҳоди маҳсулоти босифат ба муштариёнашон боварии онҳоро ба даст биоранд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи истеҳсолии "Нассоҷии Тоҷик" яке аз корхонаҳои пешсафи шаҳри Душанбе аст, ки бо инобати фармоишҳои мизоҷон, духти сару либоси мактабиро ба роҳ мондааст. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи ш.Душанбе духти сарулибоси мактабӣ дар ин ҷамъият вусъат дода шудааст.
Бо мақсади дастрасӣ ба либосҳои хушсифати мактабӣ бо нархи мувофиқ намояндагони МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ, шуъбаи маорифи ноҳия ва падару модарону роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолияти ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсоли "Нассоҷии Тоҷик" шинос шуданд. Тибқи иттилоъ муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ бо корхонаҳои ватанӣ шартнома дошта, баҳри таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии хушсифат чораҳои аввалиндараҷа меандешанд.
Тавре гуфта шуд, иттиҳодияи мазкур омода аст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳамаи ноҳияҳои пойтахтро пурра бо либоси мактабӣ таъмин намояд. Ҳамин аст, ки анбуҳи зиёди харидорон дар ярмаркаи либос ва лавозимоти ин корхона мушоҳида гардид.
Тибқи иттилоъ нисбат ба солҳои пешин ҳаҷми умумии истеҳсоли либосҳои мактабии ин корхонаи шаҳри Душанбе имсол ба ҳадди ниҳоӣ расонида шудааст. Харидорон мегӯянд, нархи маҳсулот дар ин ҷамъият аз лиҳози навъу сиффати матоъи истифодамешуда, нисбат ба бозорҳо арзон аст ва имкони интихоб ҳам бештар мебошад.
Тавре намояндагони МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ гуфтанд бо мақсади харидории либосҳои хушсифати мактабӣ бо нархҳои дастрас ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ як қатор тадбирҳо рӯи даст гирифта мешаванд.
Дар доираи тадбирҳои рӯйи даст гирифта имрӯзҳо падару модарони хонандагони муассисаҳои таълимӣ имкон доранд, то бо нархҳои дастрас аз бозор арзон аз ин корхона барои фарзандони худ либоси мактабӣ ва дигар лавозимоти хонишро харидорӣ намоянд. Маврид ба зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ низ чунин нуқтаҳои фуруш ва яармаркаи либоси мактабӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо либоси мактабӣ бо сифати баланд ва нархи хуб пешниҳоди сокинон мегардад.
Ба таъкиди истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳамоҳангӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт барои духти либосҳои мактабӣ, дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди корхонаҳои тавлидотии маҳаллиро таъмин мекунад. Натиҷаи ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳост, ки солҳои охир дар рафти ярмака-фурӯши сару либсои мактабӣ дар пойтахт, интихоби падару модарон дар самти харидории сарулибосҳои мактабӣ низ рӯйи маҳсулоти ватанӣ қарор мегирад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ