image

Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range02.08.2024, 11:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye111

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2024, “Дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт”-и Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбарият ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” иштирок намуданд.

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Ҳамзамон, вобаста ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” аъзои фаъоли ташкилоти мазкур ба музокира баромада, вобаста ба соли сипаригашта ва дастовардҳову пешравиҳои ташкилоти ҳизбӣ суханронӣ намуданд.

Дар кори маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба низоми давлати демократию дунявӣ, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дар ин замина иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, пешгирӣ аз хурофот, соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷомеа ва нақшу мақом ва масъулияти аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки ҲХДТ хамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кушиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст.

Нилуфар Талабова
"ТВ Душанбе"