image

Дар ноҳияи Фирдавсӣ озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

date_range09.08.2024, 14:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye160

Бо иштироки довталабон ва намояндагони сохтору мақомоти дахлдори шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар МТМУ №77-и ноҳияи Фирдавсӣ озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Нахуст доир ба тартиби баргузории озмун ба ширкатдорон маълумот дода шуд. Гуфа шуд, ки стипендия дастгирӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Аз ин рӯ гирандагони он бояд фаъол бошанд. Ҳамасола барои дастгирӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонон тадбирҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ ташкил карда мешавад ва онҳо дастгирӣ меёбанд. Аз ин рӯ ҷавонон низ аз роҳандозии чунин иқдому тадбирҳо хушу қаноатманданд.

Мавриди зикр аст, ки озмун нахуст дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд. Ҷойи таъкид аст, ки дар кишвар мунтазам хонандагони фаъолу болаёқат дастгирӣ меёбанд. Таъсиси стипендияҳои гуногун низ аз зумраи чунин дастгириҳо ба ҳисоб меравад.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва сохторҳои маҳаллии он талош доранд, ки озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуда, беҳтаринҳо гирандаи ин стипендия шаванд.

Озмун дар синфхонаву кабинетҳои фаннии Муассисиа таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкилу баргузор шуд. Ҷойи таъкид аст, ки таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони болаёқати пойтахт ҳавасмандкунӣ барои онҳо буда, ба ин васила барои ҷалби бештари хонандагон ба донишандӯзиву илмомӯзӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ мусоидати фаъол менамояд. Дар ин баробар шумораи зиёди муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир, толору майдонҳои варзишӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баҳри ҷавонон дар шаҳр баргузор карда мешавад, ки мақсади он низ дасгирӣ ва мусоидат дар раванди татбиқи ташабусҳои ҷавонон аст.

Мавриди зикр аст, ки дар заминаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва стипендияи Раисони ноҳияҳои шаҳр низ ташкил шудааст ва ин ҳама дастгирӣ барои ҷавонони пойтахт мебошад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"