image

Ҷамъбасти фестивали Таомҳои миллӣ ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон»

date_range12.08.2024, 10:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye219

10-уми август дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид. Кадбонуҳои чирадаст аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошкичирӣ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯйи дигари хӯрокҳои мардуми тоҷикро муаррифӣ намуданд.

Дар даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва дигар масъулини кумитаву сохторҳои дахлдори кившар аз намоиши таомҳои миллӣ ва маҳсулоти нонии шаҳру ноҳияҳои мамлакат боздид намуданд.

Дар фестивал мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ намунаи хурокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодиро ба намоиш гузошт. Миллати тоҷик бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии худ дар ҷаҳон мақоми шоиста касб намудааст. Бахусус дар бахши омодасозии хӯрокҳои миллӣ кадбонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланд доранд. Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта, давоми ҳазорсолаҳо дар масири қарнҳо ташаккул ёфтаанд. Таъкид гардид, ки санъати омодасозии таомҳои миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон ба шароити табиии мамлакат-мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон, иқлими субтропикӣ, континенталӣ ва континентиалии дохилӣ рабт дошта, ин омил боиси паҳншавии навъҳои гуногуни таомҳо дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ гардидааст. Халқи тоҷик дар байни дигар халқҳо бо ороиши дастархони миллӣ шуҳрат дорад. Кушодани дастархон анъанаи қадим буда, вазифаи асосии он сарҷамъ кардани аҳли оила ва дӯстон мебошад.

Дар ин рӯз дар ҳар гӯшаи боғ кадбонувон дастархон ороста, навъҳои гуногуни таомҳоро бо маҳорати хосса оро додаанд. Ҳамчунин онҳо ба иштирокдорони фестивал хусусияти таомҳои омоданамударо фаҳмонида, аз ҷумла шарҳ доданд, ки барои чӣ тоҷикон қурутобро дар фасли сармову шакаробро дар гармо омода ва тановул менамоянд. Инчунин кадбонувон ба ҷамъомадагон оид ба тарзи тайёр намудани оши буридаву туппа, манфиати биринҷоба ҳангоми бемории зуком ва дигар паҳлуҳои барои саломатӣ муфиди баъзе таомҳои миллӣ маълумот доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳои имрӯза рафта, ҳоло қариб, ки омода карда намешаванд. Ҳадафи баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад. Ҳамчунин аз ҷониби ҳакамон ба тарзи оростани дастархон диққати ҷиддӣ равона гардид. Зеро оростани дастархон аз ҳар кадбону  маҳорати хосса талаб менамояд. Иброз шуд, ки бояд дастархон сарфакоронаю моҳирона, зебо ва хушоянд ороста гардад.

Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон»  дар се давр: ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида,  ғолибони даврҳои якум ва дуюм иштирок намуданд. Тавре аз Иттифоқи «Тоҷикматлубот» иттилоъ доданд, фестивал ва озмун бо мақсади амалисозии «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 ба тавсиб расидааст, доир мегардад. Ба гуфти масъулин, яке аз ҳадафҳои баргузории фестивалу озмун- ин ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон ва муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад. Дар фарҷом аз ҷониби масъулон иштирокдорони фаъоли фестивал ва озмун бо «Диплом»-у туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"