image

Корҳои тамизкорӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range20.08.2024, 11:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye150

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди кӯчаи Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ тадбири экологӣ ташкил карда шуд. Дар тадбири навбатӣ кормандони касбу кори гуногуни ноҳия, аз ҷумла Раёстаи истифодабрии роҳҳо саҳми хешро барои тозагии як гӯшаи пойтахт гузоштанд. Бо ташкили чунин чорабиниҳои экологӣ ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо поккорӣ карда мешаванд.

Дар раванди чорабиниҳои беҳдоштӣ ширкатдорони ҳашар канори кӯчаву хиёбон, ҷӯйборҳо ва дару тирезаҳои биноҳои канори роҳро шуста, инчунин тарқи мошинҳои махсусии обкашон роҳу роҳрав ва истгоҳҳоро низ тоза намудаанд. Ҳамзамон шишаҳои тирезаи биноҳои баландошёнаро бо фишори баланди об тоза намуда бархеи онҳоро бо қувваи даст пок сохта, дигар мавзеҳоро тоза намуданд. Илова бар ин батартибдарорӣ ва обмонии дарахтони ороишиву сояафкани канори роҳҳо низ амалӣ гардид.

Инчунин тадбирҳои тозакорӣ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби сохторҳои марбута ба роҳ монда шуд. Ҳамин гуна корҳои ободониву тозагӣ дар дигар гӯшаву канори ноҳия ҷараён дошта, дар маҷмӯъ барои зебоии ҳудуди ноҳия замина мегузорад. Илова бар ин аз ҷониби бахши маорифи ноҳия дар хиёбони марказӣ омӯзгорону хонандагон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ба тозагӣ баромада, саҳми хударо дар корҳои поккорӣ гузоштанд.

Дар ин тадбири ободониву созандагӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ва волонтёрони бахш низ фаъол буданд ва бо дарки баланди масъулияти шаҳврандӣ саҳми худро дар корҳои ободонӣ дар ин рӯз гузоштанд. Тӯли солҳои охир тавассути фаъолияти созандаю бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар ба яке аз шаҳрҳои дилрабою сабзи дунё табдил ёфтааст ва зебоии он ҳар сайёҳу шаҳрванди хориҷиро мафтун мегардонад.

Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии Нигоҳдории боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаи ноҳияи Шоҳмансур дар гулгашти назди муҷассамаи Садриддин Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ ва гулшинонӣ идома кард. Дар ин рӯз кормандони муассиса дар ҳамбастагӣ гулҳои мавсимии ин гулгашти зеборо иваз намуданд.

Тавре, ки роҳбарияти Муассисаи давлатии Нигоҳдории боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаи ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ доданд, дар ҳар мавсим гулҳои ороишӣ вобаста ба ҳарорат ва вазъи обу ҳаво иваз карда мешаванд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"