image

Шиносоӣ аз вазъи омодагӣ ба соли нави таҳсил дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

date_range21.08.2024, 12:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye161

Ҳамасола бо фаро расидани соли нави хониш муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои таҷдиду азнавсозиро вусъат дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтан ва дар синфхонаҳои кушоду барҳаво таҳсил намудани толибилмон корҳои омодагиро суръат медиҳанд.

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе яке аз муасисаҳоест, ки мутахассисонро аз рӯйи 15 ихтисос аз руйи равияҳои омӯзгорӣ ва муҳандисӣ омода мекунад.     

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи омодагӣ ба соли нави таҳсили 2024-2025 ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.

Тибқи иттилоъ Раёсати Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо дастгирии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои таълимии №2-ро аз таъмири асосӣ бароварда, ҳамзамон дар доираи иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 дар ошёнаи 2-юми бинои таълимии №2 озмоишгоҳҳои таълимиро аз фанҳои «Физика», «Химия», «Технологияҳои рақамӣ», «Технологияи иттилоотӣ», «География ва сайёҳӣ» ва кабинетҳои фанниро аз фанҳои «Биология», «Экология» ва «Математика» ташкил карда, бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ, асбобҳои айёнӣ ва дигар воситаҳои техникӣ муҷҷаҳаз намуд, ки он то оғози соли нави таҳсили 2024-2025 мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.     

Масъулин аз озмоишгоҳҳои таълимӣ аз фанҳои «Физика», «Химия», «Технологияҳои рақамӣ», «Технологияи иттилоотӣ», «География ва сайёҳӣ» ва кабинетҳои фаннӣ аз фанҳои «Биология», «Экология» ва «Математика» боздид намуда, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати самаранок истифода намудани озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ дар раванди таълим ва омода кардани мутахассиони баландихтисос дар назди масъулин вазифаҳои мушахас гузоштанд.

Ҳамзамон дар ин рӯз толори хурди конференсионӣ барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, вохӯриҳо ва ҷаласаҳо онлайнӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, дар толори мазкур бобати дар сатҳи баланд истиқбол намудани “Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ”, инчунин таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону кормандони муассисаи таълимӣ мулоқоти судманд анҷом доданд. Мутахассисони Коллеҷ сайъ менамоянд дар баробари омодагиҳо сатҳу сифати таълимро хуб ба роҳ монда, ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат ба роҳ мондани мутахасссисон тадбирҳо андешанд.

Коллеҷи муҳандисю омӯзгории шаҳри Душанбе дорои 2 факултет, 5 кафедра, шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, мутахассисонро аз руйи 15 ихтисос аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ омода менамояд. Айни замон дар Коллеҷ зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд, ки 453 нафари онҳоро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"