image

Идомаи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе

date_range21.08.2024, 13:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye112

Маркази эҷодии кӯдакон наврасони шаҳри Душанбе рӯзи 4 ум аст, ки аз даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе мизбонӣ мекунад. Барои баргузории ҳамаи номинатсияҳои озмун дар ин ҷо шароит фароҳам шудааст.

Ширкаторони озмун ташкили онро амри саривақтӣ ва беҳтарин имконият барои муаррифии истеъдодҳои наврас ва адабдӯстону хонандагони сершумори китоб маънидод намуданд.

Сол то сол сатҳу сифати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беҳтар гардида, шумораи довталабони он низ меафзояд. Зеро маҳз ташкили чунин чорабиниҳои маърифатӣ таваҷҷуҳи бештари аҳолии кишварро ба китобу китобхона ҷалб намудааст. Дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани ин озмун шаҳодати он аст, ки дар кишвари мо ба фарҳангу маънавиёт, илму дониш ва сатҳи донишазхудкунии қишрҳои гуногуни ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Сохтору бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе талош доранд, ки озун мувофиқ ба нишондоди низомнома гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пешбарӣ гарданд. Озмун аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- адабиёти классикӣ;
- адабиёти муосир;
- адабиёти ҷаҳон;
- эҷоди назму наср.

Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои гуногун аз ҷумла
-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо);
- аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ;
- омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун тақсим карда шудаанд ва ба маҳорати ҳар як иштирокчӣ доварон баҳогузорӣ менамоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"