image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи соҳаи маориф зимни конференсияи августӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range21.08.2024, 14:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye165

Ҳамасола чун анъанаи маъмул дар моҳи август дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе конференсияҳои августии кормандони соҳаи маориф ташкил карда мешавад. Чорабинии имсолаи маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур дар толори Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, баргузор шуд. Ширкатдорони ҳамоиш нахуст бо дастоварду маҳсули ҳунари аъзои маҳфилҳои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия ва муассисаҳои дигари таълимӣ шинос шуданд, ки он дар саҳни ин муассиса ташкил шуда буд.

Дар конференсияи августӣ намояндагони МИҲД ноҳияи Шоҳмансур, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияту кормандони шӯъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ ширкат намуданд.

Зимни баромади масъулин қайд шуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар ноҳия 39 муассисаҳои таълимӣ, аз ин 27 муассисаи таълимии буҷавӣ, 12 муассисаҳои ғайри буҷавӣ, 27 муассисаи томактабӣ, аз ин 11 муассисаи томактабии буҷавӣ, МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ» ва МД «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият намудаанд.

Дар идома аз ҷониби баромадкунандагон зикр шуд, ки теъдоди умумии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ 2203 нафар буда, бо маълумоти оли 1823 нафар, бо маълумоти олин нопурра 197 нафар ва бо маълумоти миёнаи махсус 183 нафар кору фаъолият доранд.

Гуфта шуд, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2023-2024, аттестатияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 33 нафар хатмкунандагони 9-уми муассисаҳои таълимии ноҳия муассисаи таҳсилоти умумии асосиро бо аттестати намунаи аъло дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ хатм намуданд.

Инчунин, 3 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаи таълимии Nº21 соҳиби аттестати аъло, медали тилло гардидаад, ки ин ифтихори соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"