image

Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range23.08.2024, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye120

Ҳамасола чун анъана қабл аз оғози соли нави хониш Конференсияи августии кормандони соҳаи маориф баргузор карда мешавад. Имсол ин чорабинӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Иштирокчиёни Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳияи шинос шуданд. Гуфта шуд, ки бо мақсади таҷлили шоиста аз ҷашни навбатии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷониби масъулин ба хотири намоиши дастовардҳо чунин корҳои эҷодӣ анҷом дода шудааст.

Сипас дар толори муассиса Конференсия ба кори худ шурӯъ намуд. Дар кори Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Муаллим равшангари ақлҳо» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоимли Сомонӣ, собиқадорони соҳаи маорифи ноҳияи исмоили Сомонӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои ноҳия ва омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимии мактабиву томактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти Шуъбаи маорифи ноҳия тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияро ба оғози соли нави хониш табрик намуда, изҳор дошт, ки аҳли маорифи ноҳия кӯшиш намудаанд, то соли таҳисли навро бо омодагии ҳамаҷониба ва шароити мусоид пешвоз гиранд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон атмоми муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, муассисаҳо ба қабули хонандагон ва кӯдакон омоад мебошанд. Дар идомаи Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Муаллим равшангари ақлҳо» мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ дар замони муосир ва идоракунии он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ, масъулин ва роҳбарони Муассисаҳои таълимию томактабӣ доир ба дастовардҳои соҳа дар соли хониши 2023-202 ёдовар шуда, иброз намуданд, ки бо назардошти гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, қайд менамоем, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 31 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, ки тибқи ҷамъбасти соли таҳсили 2023-2024 – ум, шумораи умумии хонандагон 36128 нафар, аз ҷумла 16857 нафар духтарро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, қайд кардан лозим аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, тибқи ҷамъбасти соли таҳсили 2023-2024- ум 1722 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1277 нафар занон кору фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хатмкардагони синфҳои 11- ум 1861, аз ҷумла 779 нафар духтар мебошад. Вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ибтикори шуъбаи маориф рӯзҳои 26-27 январи соли ҷорӣ озмуни даставии “Ҳуқуқдони наврас” байни хонандагони синфҳои 8-11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он 20 даста аз муассисаҳои таълимӣ иштирок ва қувваозмоӣ намуданд. Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба истиқболи рӯзи дониш баргузор гардида, дар он ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия, як қатор омӯзгорон ва директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Литсейю Гимназияҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин мурабияҳо ва мудирони кӯдакистонҳо бо ифтихономаву қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2023-2024 соҳаи маориф дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ рушд намуда, сатҳи донишомӯзии хонандагон беҳтар гардидааст. Аҳли маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли таҳсили сипаришуда ин омилро маҳаки асосии фаъолияти худ қарор дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳамаи ин тадбирҳо аз ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар далолат намуда, баҳри хонандагони болаёқат ва фаъол як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"