image

Баргузории рӯнамои таҳқиқоти илмии «Академик Муҳаммад Осимӣ ва таҳқиқи масоили фарҳанги бадеии тоҷик»

date_range23.08.2024, 14:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye126

Дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш-рӯнамои таҳқиқоти илмии «Академик Муҳаммад Осимӣ ва таҳқиқи масоили фарҳанги бадеии тоҷик» баргузор гардид.

Зимни баргузории рӯнамои таҳқиқоти илмии «Академик Муҳаммад Осимӣ ва таҳқиқи масоили фарҳанги бадеии тоҷик» Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баромад намуда, оид ба хизматҳои шоёни олими барҷастаи тоҷик, академик Осимӣ дар илму фарҳанги тоҷик изҳори андеша намуд.

Мавсуф баён дошт, ки дар мақолаҳои илмию назариявии олимони ватаниву хориҷӣ вижагиҳои хосу муассири фарҳанги маънавии тоҷикон, аҳамияту ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ва саҳми олими барҷаста, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Кумитаи байналмилалии илмӣ ва раиси Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО, муассис ва раиси иҷроияи Анҷумани даҳонии равобити фарҳангии тоҷикон бо ҳамватанони бурунмарзӣ «Пайванд», барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, академик М. Осимӣ дар омӯзиши фарҳанги маънавии тоҷикон бод иди нави пажӯҳишӣ ба қалам омадаанд.

Дар баромади иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин зикр гардид, ки дар таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ муҳаққиқон бо такя ва омӯзиши васеи сарчашмаҳои хаттии таърихию фарҳангӣ паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва ташкилии академик М. Осимиро дар омӯзиши таърих, фарҳанг, афкори иҷтимоӣ-фалсафӣ, бадеӣ, эстетикӣ ва маънавии тоҷикон, аҳамияту ҷойгоҳи онро дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна ва аздиқба риштаи таҳқиқ оварданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Академик Муҳаммад Осимӣ баробари иҷрои вазифаи расмӣ – президенти Академия, ҳамзамон бисёр дигар вазифаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, ҳамчун олими забардаст, нуктасанҷ ва пуркор аз худ мероси бой ва гаронбаҳои илмӣ боқӣ гузоштаанд. Ба қалами эшон зиёда аз 500 асар, рисола, китобҳои дарсӣ ва мақолаҳо тааллуқ доранд. Онҳо ба мавзӯъҳои фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, илмшиносӣ, таърихи илм, фарҳангшиносӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Фаъолияти илмӣ ва ташкилотчигии академик М. Осимӣ дар доираи илму фарҳанг, ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷумҳуриву Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдуд нагашта, берун аз он густариш меёбад. Нақши академик М. Осимӣ дар ривоҷу равнақи робитаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа низ хеле назаррас аст.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"