image

Баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе

date_range26.08.2024, 10:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye131

25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқононии дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор шуд.

Дар ин рӯз кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти адвлатии шаҳри Душанбе дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷумла фаъолони чорабинӣ буд, ки намоиши хурокҳои миллӣ бо истифода аз каду ва ороиши зебо аз тарбуз ва харбузаро ба маъраз гузоштанд.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, роҳбарияти Вазорати кишваорзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар масъулин иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки маҳсулоти полезӣ имрӯз дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинону меҳмонон  гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ имсол дар 23 632 гектар маҳсулоти полезӣ кишт гардидааст, ки аз он 18 615 гектар тарбуз ва 5019 гектар харбуза мебошад. То 1 августи имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 565 ҳазору 310 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  19281 тонна зиёд мебошад.

Баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду, пеш аз ҳама,  ба он равона гардидааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт  бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гарданд, маҳсулоти кишоварзӣ тарғиб шавад, дастранҷи марди деҳқон муаррифӣ шуда,  анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз эҳё ва деҳқонон аз таҷрибаи зироаткорони дигар минтақаҳои Тоҷикистон огоҳ шаванд.

Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.

Дар суханронии худ муовини Сарвазири мамлакат қайд намуд, ки баргузории «Иди тарбуз, харбуза ва каду» аз соли 2018 инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст. Баргузории чунин идҳо ба муаррифии дастранҷи марди деҳқон ва маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст.

Ҳамин гуна ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Иди тарбуз, харбуза ва каду диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои Вазораи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияи тантанавӣ супорида шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"