Истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова» бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони соҳторҳои вазорати фарҳанг ва дигар масъулини соҳа ширкат варзиданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, ҳамзамон зикр кард, ки Истиқлоли миллии тоҷикон рӯйдоди нодир ва беназир, неъмати бебаҳо ва дастоварди нотакрори халқи тоҷик дар оғози ҳазораи нави таърихӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки таърихи 33-солаи давлатдории навини миллии тоҷикон бозгӯйи ин ҳақиқати равшан аст, ки истиқлол ва соҳибдавлатии беназирии таърихӣ ба осонӣ ба даст наомадаст, балки он ҳосилу самараи талошҳои мардуми ватандӯсти тоҷик дар ҷодаи таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ба шумор меравад, ки ба андешаҳои созанда, роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии амиқ дорад.
Дар идомаи чорабинӣ таъкид шуд, ки талошу кӯшиш, садоқат ба қавлу амал, такя ба таҷрибаҳои нодири давлатдории миллӣ ва унсурҳои шаҳрдории ҷомеаи муосир аз ҷониби Пешвои миллат имконият фароҳам овард, ки дар кӯтоҳтарин фурсат дар кишвар сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, унсурҳои муҳим ва аркони аслии Истиқлоли миллӣ тантана карда, Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мақоми шоистаро касб кард.
Дар қатори дигар рӯйдодҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ ва ташаббусҳои муҳими илмиву маърифатии Пешвои миллат дар мавриди ҷаҳонишавии Наврӯз, бо Қарори ЮНЕСКО анҷом шудани бузургдошти нобиғагони адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷикон, ки афкор ва андешаҳои сатҳи ҷаҳонӣ доранд, ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ ворид гардидани намунаҳои мероси маънавӣ ва моддии тоҷикон гувоҳ бар онанд, ки падидаҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ва кишварҳои форсизабон тавассути пешниҳод ва корнамоиҳои ҷаҳонсози Пешвои миллат дар баробари дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ шудан қудрат ва зарфияти давлати соҳибистиқлол ва мардуми андешапарвари онро муаррифӣ мекунад.
Дар чорабинӣ ҳамзамон зикр шуд, ки рушду пешрафти соҳаи фарҳанги кишвар ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат қарор гирифта, дар арафаи таҷлил аз ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои нави фарҳангӣ бо тарҳу диди муосир ва ба талаботи замон созгор ба истифода дода шуда, ҳамзамон чун анъана дар арафаи таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати хизмату садоқат дар соҳаи фарҳанг ба аҳли санъату ҳунари кишвар мукофоту унвонҳои олии давлатӣ тақдим мешавад, ки ин шаҳодати қадршиносӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба фарҳанг ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ