image

Баргузории озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар МИҲД шаҳри Душанбе

date_range03.09.2024, 09:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye138

Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардида, он бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ роҳандозӣ шудааст.

Озмуни мазкур дар асоси Низомнома аз рӯи бахшҳои занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд ва занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, доир гардид. Дар озмун маҷмӯъан 12 довталаб аз ҳисоби кормандони мақомоти ноҳияҳову шаҳри Душанбе ширкат варзида, донишу малака ва кордонии худро манзури ҳакамон намуданд.

Довталабоне, ки дар озмун иштирок карданд, дорои сифатҳои касбӣ, сифатҳои кордонӣ ва сифатҳои ахлоқӣ буда, аз рӯи меъёрҳои навиштани иншо бо забони давлатӣ, навиштани диктант бо забони русӣ, муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохтори мақомоти давлатӣ ва бартараф кардани камбудиҳо дар самти муайян, кор бо технологияи иттилоотӣ ва саволу ҷавоби соҳавию умумӣ баҳо дода шуданд.

Дар натиҷа беҳтаринҳо муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» роҳхат гирифтанд.

Таъкид бояд кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии баргузории озмун ин муаяйн намудани беҳтарин зан-хизматчии давлатӣ дониста мешавад. Саҳми бонувону занон дар ҳама самтҳои сиёсати давлатдории ҷомеа басо назаррас мебошад ва занони тоҷик пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо маҳорату малакаи воло дар сохтору мақомоти давлатӣ хизмати шоёну арзанда намоянд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"