image

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ конференисия илмӣ-назариявии «Нақши занон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» доир шуд

date_range04.09.2024, 10:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye79

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар конференсия роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, расиони шуроҳои кор бо занон ва духтарони шаҳраку маҳаллаҳо, сохтору муассисаҳои ҳдудуи ноҳияи Сино ва дигар комрандзанони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Зимни баргузории чорабинӣ дар баробари масъулин намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш ширкат варзида, намоиши ҳунарҳои мардумиро таъсис доданд, ки ба сокинону меҳмонон писанд омад.

Дар чорабинии идонаи тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Паёми табрикотии Раиси шаҳри Душанберо ба сокинони ваҳдатсолору истиқлолхоҳи ноҳияи Сино расонид.

Дар интиҳои конференисия илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» ба як қатор занон ва бонуовни фаъоли ноҳияи Сино сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино тақдим шуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"