image

Таҷлили 33-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе

date_range11.09.2024, 09:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye121

Дар доираи таҷлил аз 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе чорабинии илмию фарҳангӣ доир гардид. Дар кори он роҳбарият ва устодону хонандагони ин муассисаи таълимӣ ва шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иштирок намуда, бобати Истиқлолияту озодии кишвари азизамон сухан карданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинии навбатӣ, ки дар толори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бахшида ба Истиқлоли давлати роҳандозӣ гардид, роҳбарияти Муассисаи зикр намуданд, ки Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад.

Гуфта шуд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб зимни баромади худ қайд намуд, ки тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 33 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Мавсуф дар идомаи суханронии хеш зикр намуд, ки Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон дар фароварди чорабинии фарҳангии устодону хонандагони Литсейи мазкур ба як қатор устодон барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи хонандагон ва барои иштироки фаъолона доштанашони шогирдонашон дар олимпиадаҳо бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои моли қадрдонӣ гардиданд.

Сипас аз ҷониби таълимгирандагон як чорабинии зебои фарҳангӣ доир карда шуд, ки ба иштирокдорон писанд омад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"