Истиқлоли давлатӣ - арзишмандтарин дастовард дар таърихи миллати тоҷик
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Истиқлоли давлатӣ - арзишмандтарин дастовард дар таърихи миллати тоҷик" баргузор гардид.
Дар кори конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, олимону донишмандон, ҳайати устодони кормандон ва магистрантону донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ қайд карда шуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ омили рушди давлатдории миллӣ, сарчашмаи ҳамаи хушбахтиву осудагӣ ва саоадати рӯзгори ҳамешагии мардуми тоҷик буда, дар натиҷаи заҳмату талошҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бинобар ин, ҷиҳати расидан ба қадри Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи он аз ҳар як фарди худогоҳу худшиноси ватани азизамон масъулияти баланди шаҳравандиро тақозо менамояд.
Дар конфронс, аз ҷумла қайд карда шуд, ки новабаста аз таҳду хатарҳои замони муосир шаҳравандони кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу оромӣ ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро ба мисли гавҳараки чашм ҳифзу гиромӣ доранд.
Дар идомаи қисми пленарии чорабинӣ, иштирокчиён дар мавзуҳои "Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон", "Дастовардҳои замони истиқлол", "Эмомалӣ Раҳмон: наҷотбахши миллату давлати тоҷикон ва тоҷикони ҷаҳон","Аҳамияти истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷаҳонишавӣ" маъруза намуданд.
Маърузачиён зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳуввияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ, соҳибихтиёру соҳибдавлатии тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҷоми конфронс, дар байни иштирокчиён доир ба таҳлилу баррасии маърузаҳои пешниҳодгардида мубоҳиса сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҳозирин ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ