image

Шинонидани гулҳои мавсимӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range13.09.2024, 10:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye154

Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр кормандони сохторҳои коммуналӣ тадбирҳои бунёдкориро ба роҳ мондаанд, ки мақсади он таъмини тозагии кӯчаҳо ва зебоии шаҳр мебошад.

Дар ин замина Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамарӯза ба нарм намудани замин ва шинонидани гулҳои мавсимӣ машғуланд. Дар ҷараёни наворбардорӣ мо кормандони раёсатро дар хиёбони Рӯдакӣ ва Аҳмади Дониш машғули корҳои ҳамарӯза дарёфтем.

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе солҳои охир пешравӣ дар самти гулу гулкорӣ ва шинонидани дарахту бутаҳои ба назар расида, аз тарафи кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои навоҳии пойтахт тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешавад. Имрӯз кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои н.Шоҳмансур ба шинонидани гулҳои мавсимӣ машғули кор буданд. Давоми чанд рӯз аст, ки ин амал дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда шуда, дар чанд гурӯҳ кормандони Раёсати мазкур ба шинонидани гулҳои мавсимӣ машғул мебошанд.

Масуъулин мегӯянд, ки навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ бо дизайни хос шинонида мешавад. Тадбирҳои ободонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардидааст. Гулҳо бо шаклу намуди махсус шинонида шуда истодааст, ки ба ҳусни ин мавзеъ зебоии дигарро зам менамояд.

Дар ҳақиқат садҳо номгӯйи гулу дарахтон кӯчабоғу гулгаштҳои пойтахтро зебу оро медиҳад ва мо сокинонро бо ин накҳати гулу дарахт болидаруҳу хушҳол месозад. Аз ин рӯ мо шаҳрвандонро мебояд, нисбати тозагиву ободоии шаҳри Душанбе бетараф набошем ва онро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"