Оғози курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодӣ зери унвони "Бонуи ҳунар"
Дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024” ва ҷиҳати иҷрои банди 9 нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021, тасдиқ гардидааст, Раёсати кор бо занон ва оила ҷиҳати ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону ҷавондухтарон ва фароҳам овардани шароити муносиби иҷтимоӣ барои оилаҳои осебпазир дар КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро зери унвони “Бонуи ҳунар” барои 50 нафар ҷавондухтарону занон аз оилаҳои ниёзманд оғоз намуд, ки ба касбомӯзон муддати як моҳ аз ҷониби ҳунармандони чирадаст ҳунарҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ омӯзонида шуда, баъди хатми курси мазкур ба онҳо шаҳодатномаҳои касбӣ супорида мешавад.
Дар расми ифтитоҳи курси мазкур Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарияти Маркази мазкур ва ҷавондухтарони касбомӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиши навбатӣ қайд гардид, ки имрӯзҳо таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши касбу ҳанар тамоми шароити муосирро муҳайё намудааст.
Ҳадафи асосии курсҳои омӯзишӣ соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонашин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад. Сипас баъд аз ҷамъбасти мулоқот ҳозирин аз синфхонаҳои таълимии марказ дидан карданд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки курси мазкур муддати як моҳ идома карда баъд аз хатм ҳар нафаре, ки пурра касбро аз худ намудааст дар дилхоҳ корхонаҳои қаннодию дӯзандагӣ ба ҳайси мутахассис фаъолияти меҳнатияшро идома диҳад. Ҳар яки моро мебояд дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва солхои рушди саноат баҳри гиромидошти обу хоки Ватан пайи омӯзиши касбу ҳунарҳои муҳими замон шабонарӯз захмат кашему барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон азиз дастаҷамъона камари ҳиммат бандем.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ