image

Дар Боғи фарҳангию фароғатии "Куруши Кабир" даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии "Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир" баргузор гардид

date_range16.09.2024, 12:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye86
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, оид ба ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва тибқи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар боғи фарҳангӣ-фароғатии "Куруши Кабир" даври ҷумҳуриявии озмуни "Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир" баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур намоиши маҳсулотҳои коргоҳҳои қаннодии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.
Дар раванди даври ҷумҳуриявии озмуни "Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир" намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, ғолибони даври ноҳиявию шаҳрии озмуни мазкур, корхонаҳои қаннодии шаҳру ноҳияҳои кишвар, меҳмонону сокинони пойтахт иштирок доштанд.
Дар озмун қаннодони моҳир маҳсули дастранҷи хешро, ки бо як маҳорату нозукии хос омода шудаанд, манзури ҳакамону меҳмонон гардониданд.
Бояд гуфт, ки ҳар як ширкаткунанда бо тайёрии ҷиддӣ ба озмун омаданд ва кӯшиш намуданд, ки аз аввалинҳо бошанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки тайёр намудани анвои ширинӣ аз қадимулайём ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ ба ҳаёти иҷтимоии мардуми манотиқи гуногуни мамлакатамон ворид гардида, шириниҳо, ҳалвопазӣ ва ширавориҳо як бахши муҳими дастархони суннатии миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бо итминони комил гуфта метавонем, ки занону бонувони мо ҳунари омода намудани маҳсулоти қаннодиро дар оянда боз ҳам равнақу ривоҷ дода, дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла, дар омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавондухтарон низ саҳми муносиби хешро хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин, мавриди зикри хост аст, ки маҳсулоти корхонаҳои қаннодии мамлакати мо босифату лазиз буда, кайҳост, ки дар байни мардуми кишвар ва берун аз он мақбули дӯстдорони маҳсулоти қаннодӣ гардидааст.
Ҳамин тариқ, ба маҳсулоти пешниҳод намудаи ҳамаи ширкатдорон бахогузорӣ карда шуда, ғолибон муайян гардиданд.
Корхонаи қаннодии «Амирӣ» сазовори диплом ва ҷои аввал, Фабрикаи қаннодии «Ширин» сазовори диплом ва ҷои дуюм ва ҶДММ «Мӯъҷиза» сазовори диплом ва ҷои сеюм дониста шуданд.
Ҳамчунин, ҳама иштирокчиёни озмун барои иштироки фаъолона, саҳми муносиб гузоштан дар пешрафти ҳунарҳои пазандагӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳо бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳо дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён аз ҷониби санъаткорон барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
М.Мирхолова
"ТВ Душанбе"