image

Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд

date_range18.09.2024, 10:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye142

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти варзишӣ роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи мазкур иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи иншооти варзишӣ масъулини Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд карданд, ки сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соҳаи варзиш дар кишвар аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд. Бунёд ва ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идомаи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат аст.

“Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, донишҷӯ-варзишгарони Коллеҷи технологӣ дар оянда метавонанд дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд”.

Қайд гардид, ки маҷмааи мазкур аз майдончаи ҳозиразамони варзишӣ барои ҳаводорони бозии футбол иборат мебошад. Дар атрофи майдонча корҳои ободонию кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, гирду атрофи он сафолакпӯш карда шуда, шафати пайроҳаҳои пиёдагузар бо гулҳои мавсимӣ зебо гардонида шудааст. Майдонча аз ҳисоби маблағҳои Коллеҷи технологӣ сохта шуд. Корҳои бунёдӣ моҳи майи соли 2024 оғоз шуда, дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтанд.

Донишҷӯёни муассиса бо хушҳолӣ аз ифтитоҳи боз як иншооти варзишӣ-фарҳангӣ аз ғамхориҳои ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сипосу миннатдорӣ намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки дар оянда барои рушди ин навъи варзиш дар худи муассиса ва берун аз он саҳм гузошта, дар сабқатҳои гуногун иштирок мекунанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"