image

Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаҳои илмию оммавӣ" баргузор мегардад

date_range18.09.2024, 10:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye173

Ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаҳои илмию оммавӣ" баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории Озмун баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, муайян намудани беҳтарин осори илмӣ ва оммавию ҳуқуқӣ, тақвияти касбияти муҳаққиқону олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ мебошад. Озмун дар як давр ва се номинатсия гузаронида мешавад. Аз рӯйи номинатсияи беҳтарин китоби илмӣ:

ҷойи якум 30 000 сомонӣ;
ҷойи дуюм 20 000 сомонӣ;
ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.
Номинатсияи беҳтарин мақолаи илмӣ:
чойи якум 30 000 сомонӣ;
ҷойи дуюм 20 000 сомонӣ;
ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ: чойи якум 30 000 сомонӣ; ҷойи дуюм 20 000 сомонӣ; ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ.

Довталабон метавонанд маводро барои озмун то санаи 1-уми ноябр соли 2024 тавассути почтаи электронии huquq@dip.tj пешниҳод намоянд. Маълумоти бештар бо телефони 221-41-18.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"