image

Дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас баргузор гардид

date_range23.09.2024, 10:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye3

22 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2024 баргузор гардид.

Дар фестивал муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо намоиши маҳсулоти истеҳсоли ватании атлас ва адрас шинос шуданд.

Дар доираи фестивал намоиш-фурӯш доир гардид, ки дар он зиёда аз 20 ҳунарманди тоҷик матоъҳои суннатии бофтаи худ, инчунин маснуоти хонагии саноати бофандагӣ, ороиши дохилӣ ва лавозимоти аз ин матоъҳо истеҳсолшударо ба намоиш гузоштанд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои андешидашуда имсол фестивал маротибаи сеюм дар шакли нав баргузор гардид. Ин фестивал имконияти барқарор намудани муколама байни тарроҳони касбӣ ва истеҳсолкунандагони матоъро фароҳам оварда, ба рушди на танҳо истеҳсоли либосҳои аълосифат, балки намудҳои гуногуни матоъҳои абрешимӣ, омехта ва пахтагин, ки дар бозори маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ талабот доранд, мусоидат менамояд.

Рангорангӣ ва зебоии атласу адрас дар мавсими имсола дар коллексияҳои тарроҳони маъруф, аз ҷумла Умед Кучкалиев, Вайс Асоев, Томирис, Сокина Султонова, Махина Раджабова, Маҷин Олимзода, Наимахон Бобоева, Матлуба Ниёзова, Шаҳло Абдураҳимова, инчунин тамғаҳои «Charlote», «Gooli Noor», «Ikat House» ва «Shom Handmade» ба намоиш гузошта шуд.

Фестивали имсоларо ташкилоти «USAID», корхонаи нассоҷии «Арвис», корхонаи истеҳсолии «Покиза», ширкати суғуртавии «Бима», обҳои ташнашикани «Сиёма», маркази зебоӣ ва солимии «София» ва толори туҳфаҳо – «Президент» ҳамкорӣ намуданд. Бар асоси талаботи фестивал тамоми маҳсулот аз матоъҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, аз ҷумла Корхонаи истеҳсолии «Атласи Хуҷанд» ва Маркази адрасбофии дастии ба номи Зулфия Бахриддинова омода гардида буданд.

Ҳамин тариқ, дар номинатсияи пиллапарварӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» ҷойи якум, ноҳияи Данғара ҷойи дуюм ва ноҳияи Ёвон ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Дар номинатсияи атласу адрасбофӣ ҷойи якум ба корхонаи “Атласи Хуҷанд”, ҷойи дуюм ба ноҳияи Шаҳритус ва ҷойи сеюм ба гурӯҳи ҳунармандии “Шоҳзамон” дода шуд.

Ба ҳамаи иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии фестивал аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон сипосномаҳо ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас ҳамасола бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақсади рушди истеҳсоли матоъҳои суннатӣ, оммавигардонии истифодаи атлас ва адраси миллӣ дар либосҳои анъанавӣ ва замонавии тоҷикӣ, инчунин маснуоти хонагии саноати бофандагӣ баргузор мешавад.