image

Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ба кори худ оғоз намуд

date_range25.09.2024, 10:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye123

Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», бори нахуст, дар кишвар баргузор карда мешавад. Новобаста аз он, довталабон дар ин тадбир иштироки фаъолона доранд. Макони баргузори даври ниҳоии озмун Китобхонаи миллӣӣ Тоҷикистон интихоб гардида, барои иштирокдорон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун се толори муассиса омода гардидааст, ки хонандагон метавонанд бе ягон мамониат аз ин имкониятҳо истифода баранд. Яке аз ин толорҳо махсус бо номи ҳамин озмун – толори «Хонандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» номгузорӣ шудааст, ки дар он донишҷӯёни макотиби олӣ донишсанҷӣ менамоянд.

Дар расми ифтитоҳи озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», намоянадгони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва ғолибони даврҳои аввали озиун иштирок намуданд.

Аъзои ҳакамон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз сиёсатмадорон, донишмандон ва таърихшиносони донишгоҳҳои олии мамлакат иборат мебошанд. Озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мамлакат роҳадозӣ шуда, дар ду давр баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки шафофият дар озмун таъмин буда. ҳамчнуин барои назорати он толори махсуси волидону омӯзгорон, бо насби мониторҳо фароҳам гардидааст. Маводҳои конселярӣ ва адабиёти лозима, диагр ҷузъи озмунро ташкил медиҳад, ки довталабон аз онҳо васеъ истифода менамоянд. Даври аввали озмун дар шаҳру минтақаҳои кишвар давоми соли ҷорӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо то 28 уми сентябр миёни ҳам нерӯсанҷӣ менамоянд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"