image

Мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим бо донишҷӯёни Донишгоҳи милии Тоҷикистон

date_range25.09.2024, 11:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye166

Дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар соли хониши 2024 – 2025 таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ”, ки аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, мулоқоти масъулини соҳаҳои мухталифи шаҳриву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи милии Тоҷикистон, ки бо усули "Факултет ба факултет" ба роҳ монда шуд, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва намояндагони масъули Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот аз пешниҳоди бемисли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали муттаҳид қабул намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдоварӣ карда шуда, ҷавонон аз иқдоми навбативу башардустонаи Пешвои худ бо ифтихору сарфарози ҳамраъйии истиқболи самимӣ намуданд.

Дар идома масъулин вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар, ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе дар самти дастгириву таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ба наврасону ҷавонон ва варзишгарон, инчунин тарбияи ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дар ин замина пешгирии ифротгароиву дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ аз фарҳангӣ бегона, эмин будан аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон ибрози назар карданд.

Тадбири мазкур дар пойтахт аз имрӯз оғоз гардида, тибқи нақша то охири сол миёни донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилоти донишгоҳу донишкадаҳои худуди шаҳри Душанбе идома меёбад.

Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"