image

Ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” қадрдонӣ гардиданд

date_range26.09.2024, 09:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye86

Давоми 3 моҳ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, ки он ба ҷашни бузурги миллӣ - 33 солагии истиқлоли кишвар бахшида шудааст. Зимни як чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе ғолибон дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибону иштирокчиёни даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии "Тараннуми Ватан" ки дар он 155 нафар бо шеърҳои ватандӯстӣ иштирок намуданд, баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, намояндагони якчанд шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок доштанд. Агар даври аввал озмуни ҷумҳуриявии "Тараннуми Ватан" як номинатсияро дар бар мегирифт, даври дуюм ду номинатсия – «Қироати шеър» ва «Хондани суруд» – ро дар бар гирифта, ғолибону иштирокчиёни фаъол бо диплом, ифтихорнома ва мукофотҳои пули қадрдонӣ карда шуданд.

Дар озмуни мазкур аз байни 155 нафар иштирокчӣ 62 нафар ғолиб омада, дар номинатсияи қироати шеър як ҷойи аввал соҳиби 10 000 сомонӣ, ду ҷойи дуюм соҳиби 7 000 гардида ва се ҷои сеюм ба гирифтани 3000 сомонӣ сазовор гардиданд, ки ҳар яке бо пешниҳоди шеърҳои хуби ватандорию ватандӯстӣ иштирок доштанд.

Дар номинатияи суруд бошад, як нафар сазовори ҷойи аввал, бо 10 000 сомонӣ як нафар ҷои дуюм бо маблағи 7 000 сомонӣ ва як нафар ҷои сеюм бо гирфитани 3000 ҳазор сомонӣ мукофотина шуданд.

Ҳамчунин дар озмун бештар кӯдакону наврасон низ иштирок доштанд, ки ҳамаи онҳо ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии озмун тарғиби ҳисси ватандӯстии кӯдакону ҷавонон ва боло бурдани худшиносии ҷавонон ва баланд бардоштани завқи онҳо ба шерхонию шердӯстӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии онҳо мебошад.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"