Ифтитоҳи нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 дар пойтахт
Бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода доир ба имкониятҳои сайёҳии пойтахт ва аҳамияти ин намоишгоҳ барои рушди соҳа баромад намуд.
Ҳамзамон раиси Кумитаи ругди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод дар робита ба стратегияву барномаҳои қабулгардида ва имтиёзҳои пешниҳодушда барои ширкатиҳои соҳа ҷиҳати пешрафти ин бахш суханронӣ намуд.
Ҳамзамон роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати кишвар, масъулини ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр, намояндагони бародаршаҳрҳо ва аъзои ташкилоту созмонҳое, ки ба онҳо шаҳри Душанбе шомил аст, сохторҳои шаҳрӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ, хизматрасаонии нақлиётӣ, истеҳсоли армуғонӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муасасисаҳои табобативу солимгардонӣ ва фарҳангиву таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз қисмати расмии чорабинӣ иштирокдорону меҳмонон аз намоишгоҳи пешниҳодгардидаи ҳар як корхонаву муассиса дидан намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус, шаҳри Душанбе ва бародаршаҳрҳову шаҳрҳои шарики он маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии “Сомон Тревэл”, “Кинг Тур”, ва Диёр Тревэл” бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.
Зимни баргузории Намоишгоҳ инчунин дар шакли В2В, яъне соҳибкор бо соҳибкор, вохӯриҳо доир карда шуда, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ҷонибҳои иштирокдор мусоидат менамоянд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ