image

Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» оғоз гардид

date_range27.09.2024, 10:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye57

Бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон тайи чанд сол аст, ки дар кишвар «Омӯзгори соли Тоҷикистон» дар як саҳи хуб гузаронида мешавад. Инак имсол низ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» оғоз гардид.

Муовини Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эъҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар озмун 5 нафар аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ширкат варзида, аз рӯйи ҳафт шарт дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, саволу ҷавоб, кор бо компютер ва тахтаи электронӣ ҳунару маҳорати худро месанҷанд.

Ёдовар мешавем ки озмуни мазкур дар се марҳила баргузор гардида, даври якуми он моҳи феврал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм моҳи апрел дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ва даври сеюм, яъне даври ҷумҳуриявии он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"