image

Маҳфили адабиву фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Иттифоқи навистандагони Тоҷикистон

date_range01.10.2024, 10:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye71

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 - юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ташаббуси мазкур тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” ба амал омад. Акнун ҳар сол ба ин муносибат дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҳамчун Рӯзи Мавлоно бо иштироки васеи олимону донишмандон, ва дилбохтагони каломи манзуми ин нобиғаи ҷаҳонӣ маҳфилу чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ баргузор мегардад. Осори гаронбаҳову беназир ва арзишманди Мавлоно Ҷалодиддини Балхӣ бо сипарӣ гардидани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз ҳам аҳамият ва қадру манзалати худро гум накарда, беш аз ҳарвақта дар олам нуфузу обрӯ касб карда, дар ҷомеа пешгом аст.

Бо суруди маъруфу дилнишини ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов аз осори пурғановати орифу мутафаккири Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабию фарҳангӣ таҳти унвони «Рӯзи Мавлоно» ҳусни ифтитоҳ гардид. Дар ин маҳфил адибону олимон ва ҳунармандон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддуни Мавлоно ширкат варзида, аз осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шеъру суруд ва таҳлилҳои ҷолибро пешниҳоди иштирокчиён намуданд.

Муовини аввали Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дӯстдорони осори Мавлоноро хайрамақдам намуда, таъкид дошт, ки Ҷаллодддини Балхӣ аз нобиғагони нодир аст, ки таърихи фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ҳарчанд беш аз 800 соле ки аз таваллуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сипари шуд, вале бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ осори бою гаронбаҳоро аз худ боқӣ гузошт. Ин мутафаккири барҷаста дар инкишофи озодфикрӣ ва рушди тафаккури назариявӣ хизмати бузургро ба анҷом расонида, дар рушди забону адаби тоҷик саҳми мондагорро гузоштааст.

Ин нобиғаи милллати тоҷик дар доираи илму адаб, бо осори пурмуҳтавову пурмазмуни худ “Маснавии маънавӣ”, “Девони Шамс” ё “Девони Кабир” ва чандин асарҳои дигар дар олам шуҳрат пайдо кардааст, ки онҳо бо чандин забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуданд, ки баёнгари мазмуни волои осори ӯ мебошад.

Таъки гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи солҳову асрҳо қомат афрохтааст ва тафаккури волояш забони тоҷикиро шукуҳу ҷалол бахшидааст. Мавлонои Балхӣ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш шуморида, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ҳамдилии онҳоро тарғиб намудааст.

Ба феҳристи хотироти ЮНЕСКО дохил гардидани Куллиёти Мавлоно дар радифи номгӯи падидаҳои фарҳангӣ, ки аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфташудааст, шаҳодати дигари эътирофи расмии фарҳанги бузурги гузаштагони миллати тоҷик аст.

Гулова С.
"ТВ Душанбе"