image

Баргузории ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ–пайвандгари васлҳо ва тарбиятгари наслҳо

date_range01.10.2024, 10:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye40

Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ–пайвандгари васлҳо ва тарбиятгари наслҳо баргузор гардид.

Дар ҳамоиши илмӣ-адабӣ омӯзгорон аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми шарқу ғарб бо номи оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фарсафии уро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ аз пирони тариқат, аз устодони илму маърифат дарс гирифт, обрӯ ёфт ва шӯҳрату мақоми шоиста дар байни аҳли маърифат пайдо кард.

Инчунин қайд карда шуд, ки Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳамзабонӣ ҳамдилиро болотар медонист ва ҳамдилиро дар ғазалиёташ дар «Маснавии маънавӣ»-аш мадҳу ситоиш кардааст ва кули инсониятро ба ҳамдилию ҳамфикрӣ ҳидоят намудааст. Номгуйи мероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ аз нигоҳи миқдор чандон зиёд нест, аммо асарҳояш ҳаҷман бузурганд. Иштирокчиён дар мавзӯҳои «Ҳамрангиҳои маънавӣ дар ашъори Ҳофиз ва Мавлоно, «Паёмҳои Мавлоно ба инсоният», Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пайвандгари васлҳо ва тарбиятгари наслҳо ва Мавлоно-шоири озодандеш», «Шинохти Мавлоно Ҷаллолиддини Балхӣ дар олами башар» баромад намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"