image

Баргузории Рӯзи даъватшаванда дар пойтахт

date_range01.10.2024, 14:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye41

Ҳамасола дар кишвар санаи 1-октябр маросими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад, ки он бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ, роҳандозӣ карда мешавад. Имсол низ дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ин маросим оғоз гардид. Бо ин мақсад Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ” ба имзо расида дар ин доира маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии Аҳорун роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои марбута, комисариятҳои ҳарби сарбозону ҷавононе, ки алакай барои хизмат ба Ватан софдилона ва ихтиёрӣ омода буданд ҳамчунин ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ва волидайни онҳо иштирок карданд.

Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва дигар намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ карда, даъватшавандагонро ба ин рӯз самимона табрик намуданд ва барои адои хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусалаҳи мамлакат мардонагиву шуҷоатмандиро таманно намуданд. Тавре қайд гардид сол аз сол шароити техникии ҳарби дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беҳтар шуда истодааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои химатчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имкониятҳои фароҳамгардида насли ҷавони кишварро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркаши накарда барои ҳифзи марзу буми кишвар доимо омода бошанд. Зеро таъмини амнияти давлат аз ҳимояи марзу буми он вобастаги дорад.

Дар ин маросим ба ҷавононе, ки дар мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявии Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсин карда буданд, ҳуҷҷати ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт супорида шуд. Дар идома чун анъана маросими нонгазон сурат гирифт. Чорабинӣ дар фазои сулҳу субот бо ташкили машқҳои ҳарбӣ идома кард.

Сипас барномаи рангини консертӣ баҳри болидарӯҳии ҳозирин пешниҳод шуд. Тибқи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлолият ва иқтидоримудофиавии он вазифаи ҳар як шаҳрванд, буда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мавҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"