image

ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

date_range02.10.2024, 13:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye74
2 октябр дар пойтахти мамлакат иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Нахуст вакилон рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба «Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва таъмини иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум якҷо бо раисони ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари барномаи мазкур корҳоро дар самти рушди харитасозӣ, беҳтарсозии инфрасохтори шаҳрдорӣ - аз қабили хатҳои муҳандисии обу корез ва барқу гармӣ тақвият бахшанд.
Ҳамчунин, баҳри таъмини фаъолияти пурмаҳсул, тарбияву ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ ва ҳарчи тезтар гузаштан ба низомҳои рақамӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи иҷлосия вакилон рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиёт»-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба масъалаи мазкур гузориши муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба муовини Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, малакаи касбии кормандони соҳаҳо ва риояи интизоми фарҳанги шаҳрнишинӣ ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ дастурҳо доданд.
Хамзамон бо ин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаи нақлиёти шаҳрро баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт ҷалб намуданд. Зеро пойтахт оинаи миллату давлат мебошад.
Сипас ҷараёни татбиқи «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021 – 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки бо мақсади таъмини босифат ва иҷрои саривақтии Барномаи мазкур корҳоро бо шарикони рушд ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ тақвият бахшида, таваҷҷуҳи асосиро барои ҳарчи бештар ҷалби маблағҳои грантӣ равона намоянд.
Ҳамзамон бо ин, аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ҳамкориро бо соҳибкорони саховатпеша вусъат бахшанд.
Вакилон дар идома, масъалаи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошимро баррасӣ намуданд.
Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе» пешниҳоди Раиси шаҳри Душанберо дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъати шаҳри Душанбе - ба номи Одина Ҳошим дастгирӣ намуда, барои баррасӣ ба иҷлосия пешниҳод кард.
Вакилон пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуда, аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул намуданд.
Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар фарҷом, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Муовинон, Раисони ноҳияҳо ва тамоми сохторҳои шаҳрдорӣ барои омода намудани инфрасохтори пойтахт ба давраи зимистони соли 2024-2025 – аз қабили, омода будани бинову иншоотҳо барои қабули энергияи гармӣ, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дегхонаҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ, ба миқдори зарурӣ захира намудани равғанҳои молиданӣ, сўзишворӣ, маводҳои зидди лағжиш ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаҳои коммуналӣ дастурҳо доданд.
Ҳамзамон, аз вакилон даъват ба амал оварда шуд, ки бо аҳолӣ ва сокинони шаҳри Душанбе бобати сарфакорона истифода намудани қувваи барқ корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд ва ба дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифодаи барқ дар давраи зимстони соли 2024-2025 чораҷўӣ намоянд.
Бо ҳамин иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.