image

Муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар маъракаи дарахтшинонӣ иштирок намуданд

date_range02.10.2024, 17:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye58

Дар саҳни бинои Парлумони кишвар, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар маъракаи дарахтшинонӣ иштирок намуданд. Қобили тазаккур аст, ки дарахтони нодири сояафкану ороишӣ ва ба саломатии инсон фоидаовар аз кишварҳои хориҷ оварда шудаанд. 

Ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имсол шинонидани 500 ҳазор ниҳолу дарахтон дар пойтахт дар назар дошта шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ таъкид намуданд, ки чунин навъҳои дарахтон ба нигоҳубини бештар ниёз доранд. Аз ин рӯ мутахассисон баҳри хуб нашъу намо ёфтани онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.