image

Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чорабинии маърифатӣ баргузор шуд

date_range03.10.2024, 10:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye73

Дар ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини ин сохтор ва намояндагони муассисаҳои марбута ширкат намуданд. Тавре зимни баромади ширкатдорони ҳамоиш зикр шуд, бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҶТ» дар кишвар тадбирҳои мушаххас амалӣ гардидааст. Дар ин замина омӯзиши забони давлатӣ дар ҳама сохтору мақомот ташкил шудааст.

Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ масъулин доир ба рушди забон, камбудиву норасоӣ дар татбиқи ҳамаҷонибаи нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ва масъалаҳои марбути ин бахш андешаронӣ намуданд.

Бо дар назардошти сатҳи давлатии забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ таъмин шудааст ва танҳо дар замони истиқлолияти давлатӣ такмили забон амалан тадбиқ гардид. Дар ҳамоиш ин андеша тазаккур дода шуд, ки муддати садсолаҳо бузургон дар васфи забони тоҷикӣ пажуҳиш намудаанд ва имрӯз низ таҳқиқу пажуҳиши донишмандониу забоншинос идома дорад. Дар идома аз ширкатдорони чорабинӣ даъват карда шуд, ки бояд барои татбиқи қонун ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони шевои тоҷикӣ ҳамагон саҳми шоёни таҳсин гузорем.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"