image

Ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори "Рӯзи омӯзгор" ва "Рӯзи забони давлатӣ"

date_range03.10.2024, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye80

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ифтихори Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш маърифатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва омӯзгорону сабиқадорони соҳаи маориф иштирок намуданд. Дар раванди ҳамоиш зикр рафт, ки бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаю самарабахши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи маорифи мамлакат ба дастоварду пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Зимни баромади намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Ширкатдорони дигари ҳамоиши маърифатӣ вобаста ба таърих ва бақои забони тоҷикӣ ибрози назар намуда, онро унсури муҳим дар дарозои таърих барои нигоҳдории миллатии мо арзёбӣ намуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"