image

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР, ДАЪВАТИ ШАШУМ

date_range03.10.2024, 11:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye22

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур (даъвати шашум) бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия баргузор гардид.

Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур (даъвати шашум) бо садо додани Сурӯди миллӣ ба кори худ оѓоз намуд.
  Дар кори иҷлосияи мазкур, вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ иштирок намуданд. Љойи зикр аст, ки мутобиқи моддаи 13-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" дар ҳолати вакил набудани иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия, Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро вакили синну солаш калонтар мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маҷлиси вакилони халқ ба кори он раисӣ мекунад. Пас аз интихоби ҳайати Котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шурӯъ намуданд.
  Ба муҳокимаи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур (даъвати шашум) масъалаҳои зерин гузошта шуданд: 
1. Ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир ба амалисозии "Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025";
 2. Ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025" дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
3. Ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти соҳа дар нуҳ моҳи сипаригардидаи соли 2024. Дар интиҳои иҷлосияи мазкур, дар асоси масъалаҳои муҳокимашуда аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур дар самти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии қонуншиканӣ дар байни ноболиғон ва ғайра масъалаҳои мубрами рӯз ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.