image

ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНО, ДАЪВАТИ ШАШУМ

date_range04.10.2024, 10:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye69

Дар Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, инчунин воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, имомхатибон, сардорони минтақа ва раисони Шӯрои маҳаллаҳо иштирок доштанд.

Тибқи рӯзномаи иҷлосия масъулин дар бораи фаъолиятӣ корӣ, дастоварду пешравиҳои соҳаи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе қайд намуд. Таъкид карда шуд, ки оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни мактаббачагон ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аҳмияти ҷиддӣ дода шуда, комиссияи корӣ таъсис дода шавад.

Вобаста ба корҳои ободонӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба масъулини соҳа ва сохторҳио дахлдори ноҳия дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарсабзу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидди корбарӣ намуда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Доир ба масъалаи дуюм ба муовини якуми Раиси ноҳия таъкид карда шуд, ки омодагиро ба давраи зимистонгузаронии соли 2024-2025 ҷиддӣ намуда, таъмини иҷроиши нақшаи зимистонгузарониро дар сатҳи баланд омода намоянд. Доир ба масъалаи сеюми иҷлосия ба муовини соҳаи саноат оид ба ҷалби кормандони ихтисосманд дар кор бо технологияҳои муосири корхонаву саонатҳои ҳудуди ноҳия супоришҳо дода шуд. Масъулини соҳаҳо муваззаф карда шуданд, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои муайяншуда вазифаҳои дар уҳдадоштаро таъмин намоняд. Ба сардорони минтақаву маҳаллаҳо дар ноҳияи Сино дастур дода шуд, ки доир ба захираҳои пешбинишуда дар давраи зимистонгузаронӣ ҷиддӣ назорат бурда, саривақт партовҳои ҳудуди ноҳия тоза карда шаванд.

Ҳамзамон сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия муваззаф гардид, ки нисбати роҳҳои кандашуда дар кӯчаву хиёбонҳо ва дохили минтақаю маҳаллаҳо бо сохторҳои дахлдор корбарӣ намоянд.