image

"Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш". Баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҳизбиён

date_range04.10.2024, 11:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye112

Дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони "Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш" чорабинии илмӣ-маърифатӣ доир гардид.

Бо ташаббуси Кумитая Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии ҳизбӣ доир гардид. Дар кори ҳамоиш кормандони сохторҳои хизбии шаҳриву ноҳиявӣ, роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар сатҳи вазорату идораҳо, ташкилоту муассисахои ҳудуди шаҳри Душанбе, олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳо, ҳамзамон ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиши навбатӣ роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдураҳмон Хонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Зикр шуд, ки таърих гувоҳ аст, ки хизматҳои бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргардонида шуд. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Ҳамзамон дар идома дигар иштирокдорон низ доир ба нақши таърихиву мондагори Пешвои миллат дар арсаи сиёсат суханронӣ намуданд. Ширкатдорон афзуданд, ки имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ҳар яки моро мебояд дар фаъолияти кории хеш зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои нагардему насли наврасро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбият намоем.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"