image

Рӯнамоии китоби «Бонувони Тоҷикистон»

date_range08.10.2024, 10:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye77

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи 32-солагии Иҷлоисияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Чеҳраҳои бонувони номошонои мамлакат» дар рӯнамоии китоби «Бонувони Тоҷикистон» доир гардид.

Дар чорабиние, ки бахшида ба истиқболи 32-солагии Иҷлоисияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Чеҳраҳои бонувони номошонои мамлакат» дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, нахуст муовини дректори китобхонаи миллии Тоҷикистон ба сухан баромада, қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Агар ба таърихи ин рӯзи тақдирсоз назар намоем, пеши чашми мо 16-уми ноябри соли 1992, Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ акс меёбад, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид ва бозида истодааст. Ҳамзамон нақши бонувон низ дар ин Иҷлосияи тақдирсоз бассо назррас мебошад, чунки бонувон дар он рӯзҳои сахту сангин дар бари сарвари давлат барои сулҳу суботи кишвари азизамон талош намуданд ва фаъол буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд.

Дар фароварди ҳамоиш чорабинии зебои фарҳангӣ иборат аз шеъру таронаҳои дилнишин дар васфи «Ватандорӣ», «Тоҷикистон», «Модар» ва ғайра хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанба"