image

Ҳамоиши гирандагони Стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range08.10.2024, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye91

Бо мақсади ҳавасмандардонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе давоми чанд сол аст, ки стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст ва ҳамасола хонандагони болаёқат бо нишон додани донишу малака онро соҳиб мегарданд. Соли равон низ хонандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби стипендия гардиданд.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, Шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонони ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонандагони болаёқати ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир шуд.

Зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор дошт, ки ҳамасола дар партави дастуру супоришҳои Перзиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баробари баргузории озмунҳои Стипендияи президентӣ ва Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ичунин стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ доир карда мешавад, ки ҳадафи он баланд бардоштани савияи дониши хонанадгони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳавасманд намудани онҳо баҳри аз худ кардани донишҳои замонавӣ дониста мешавад. Соли равон дар 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия озмуни Стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд, ки аз шумораи муассисаҳои номбаршуда 60 нафар сазовори стипедияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ изҳор гардид, ки ҳамаи ин тадбирҳо аз ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар далолат намуда, баҳри хонандагони болаёқат ва фаъол як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Ҳамин тариқ ба 60 нафар гирандагони стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофотпулиҳо супорида шуд. Ҳамзамон ба як қатор устодон низ ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Зимни тақдими идрорпулӣ ба гирандагони Стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҳбарияти ноҳия ба хонандагон хониши хубу аълоро таманно карда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ бо нишон додани маҳорати малакаи худ дар дигар озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмилалӣ ширкат варзида, муаррифгари ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ гарданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"