image

Маъракаи "Корвони саломатӣ" дар маҳаллаи Арбобхотун

date_range08.10.2024, 11:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye113

Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ ва амалӣ гардонии тадбирҳои беҳдоштии сокинони пойтахт аз ҷониби Расёати тандурустии шаҳри Душанбе ба сокинони маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино маъракаи Корвони саломатӣ баргузор карда шуд, ки дар ҷараёни он сокинон аз хизматрасониҳои ройгони тиббӣ баҳравар гардиданд.

Аз ҷониби духтурони Маркази саломатии шаҳрии рақами 2 дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино маъракаи марказонидашудаи  тиббию   машваратии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд.  Ҳайати мазкур беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва дигар ниёзмандонро  дар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Арбобхотун аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо машваратҳо доданд. Аз чумла ин навбат аз ҷониби духтурон ва мутахассисони сохаи тиб дар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Арбобхотун тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ  ба  зиёда аз  324 нафар шаҳрванд хизматрасонии тиббии ройгон расонида шуд. Маъракаи мазкур дар доираи татбиқи нақшаи чоарбиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, мақсади он аз пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳли ҷомеа ва баргузории муоинаи  саривақтии сокинон   иборат буд.

Барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани маъракаи мазкур гурӯҳи мутахассисони шаҳрӣ, дастгоҳҳои  сабти  барқии дил,  ултрасадо ва  нақлиёти сайёри тиббӣ сафарбар карда шуд. Ҳамзамон ба модарони ҷавон моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд. Зимни вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ маълум гардид, ки сокинони маҳаллаи Арбобхотун аз ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳарам Рустами Эмомалӣ сидқан миннатдор буда, ҷавобан ба он дар ҳама ҷодаҳо заҳмат кашида, барои солимии ҷомеа саҳм мегузоранд.

Маъракаи мазкур аз ҷониби Раёати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо марказҳои саломатии шаҳрӣ ва Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим гузаронида шуда истодааст. Ҳадафи корвони саломатӣ амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 дар бораи «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон″, “Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” ва паст намудани сатҳи гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавии аҳолӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ, кам кардани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ маҳсуб мешавад.

Дар асоси дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маъракаи мазкур дар ҳудуди дигар шаҳраку маҳалла ва марказҳои саломатии пойтахт гузаронида мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"