image

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳони ҷудо байни ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса анҷом ёфт

date_range07.10.2024, 08:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye22

Аз 2-юм то 6-уми октябр шаҳри дилрабои Душанбе Чемпионати ҷаҳони ҷудо байни ҷавононро мизбонӣ кард. Мусобиқа дар сатҳӣ олӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса ва хотироти нек барои варзишгарони иштирокчӣ анҷом ёфт.

Мусобиқаи мазкур дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ 531 варзишгар аз 67 давлат ва тими омехта 15 даста ширкат варзиданд.

Аз миёни варзишгарони тоҷик, ки 24 нафарро ташкил доданд, танҳо ба Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) муяссар шуд, ки медали нуқра ва биринҷӣ гиранд.

Ҳамчунин дар ҷараёни чемпионат, вохӯрии ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов бо мухлисон бо як шукуҳу шаҳомати хосса доир карда шуд.

Қаблан, Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон 5 медал-2 тилло ва 3 биринҷӣ ба даст овардааст.