image

Маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

date_range11.10.2024, 09:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye53
11 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якҷо бо сарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои дӯст, ки ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнпарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Сипас, дар бинои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими истиқболгирии ҳайатҳои парламентии иштирокчии Конференсияи байналмилалии байнпарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.
Баъд аз маросими истиқболгирӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи ҳамтоёни худ аз толорҳои бинои нави Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки баландии бинои асосии Парламент 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бино 43 ҳазору 750 метри мураббаъро ташкил дода, дар он толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конференсияҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.
Дар рафти сохтмони бинои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намои он бо истифодаи унсурҳои миллӣ ва санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос бунёд гардидааст.
Ороиши хуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода шудааст.