image

Омодагии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои зимистони солҳои 2024-2025

date_range14.10.2024, 10:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye115

Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” ҷиҳати бетаъхир ва сари вақт татбиқ гардидани нақшаи амалии зимистонгузаронӣ дар пойтахт як зумра тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Гурӯҳи кории МИҲД шаҳри Душанбе ин навбат раванди омодагиро дар раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи И.Сомонӣ ва ноҳияи Сино аз санҷиш гузарониданд.

Дар Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, Нақшаи зимистонгузаронӣ таҳия гардида, корҳо дар самти захира намудани маводи сӯхт, ҳаҷми зарурии маводи зиддилағжиш ва дигар ашёи зарурӣ бовусъат ҷараён дорад.

Дар маълумотномаи РИР-и н.И.Сомонӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омадааст, ки 36 адад техника, аз ин 18 адад бо белҳои барфрӯбӣ ба ҳолати корӣ тайёр карда шуданд. То имрӯз дар РИР-и н.И.Сомонӣ захираи намаки техникӣ, захираи сӯзишвории дизелӣ, захираи сӯзишвории бензин, захираи равғани дизелӣ 100 фоиз ва захираи антифриз 50 дарсад иҷро карда шудааст.

Баҳри таъмин кардани ҳаракати мунтазами нақлиёт дар роҳҳои мошингарди пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар РИР-и н.И.Сомонӣ захира намудани ҳаҷми зарурии маводи зиддилағжиш ҷараён ва таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Дар анбори Раёсат барои кормандон бели яхшикан, мӯзаи резинӣ, плаши боронӣ, бели барфрӯбии дастӣ ва дигар ашёву таҷҳизот ва лавозимоти корӣ захира карда шудааст. РИР-и н.И.Сомонӣ дар мавсими нав роҳравҳои пиёдагардӣ ва барфҳои канори роҳҳои мошингардро бо истифода аз техникаҳои нави дастӣ ва барфгирӣ тоза мекунад. Ёдрас мешавем, ки дар сатҳи баланд ва бемушкилот гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои тамоми бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат, аз ҷумла муассисаву сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳимияти зиёд дорад. 

Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои лозимиро дар амал татбиқ намуд. Дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти зимистони солҳои 2024-2025» барои муайян намудани ҳолати омодагии муассисаву раёсатҳои истифодабарии роҳҳо дар пойтахт дар ҳайати муовинони раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва Толиб Раҳимзода роҳбарони мақомоти дахлдор «Гурӯҳи корӣ» фаъолият дорад. Гурӯҳи корӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба санҷиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, захираҳои сӯзишворӣ ва маводҳои зиддилағжиши муассиса ва раёсатҳои истифодабари роҳҳои ноҳияҳои шаҳри шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 бо вазъи омодагии МИР-и ноҳияи Сино шинос шуданд. Дар маълумотномаи МИР-и ноҳияи Сино оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омадааст, ки, 60 адад техникаҳо ба ҳолати корӣ тайёр карда шуданд. Захираи намаки техникӣ 7 ҳазору 560 тонна, захираи сӯзишвории дизелӣ 40 ҳазору 500 литр, захираи бензин 3 ҳазору 100 литр, салидол 200 килограмм, равғани дизелӣ 800 литр, антифриз 1200 литр 100 фоиз иҷро шудааст.

Дар МИР-и ноҳияи Сино кормандон бо либоси кории зимистона таъмин буда, ҳамзамон дар анбори муассиса либосҳои зимистона ба миқдори лозимӣ захира карда шудааст. Дар анбори муассиса, барои кормандон бели яхшикан, мӯзаи резинӣ, плаши боронӣ, бели барфрӯбии дастӣ, автошинаҳои ҳархела ва дигар ашёву таҷҳизот ва лавозимоти корӣ захира гардидааст. Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 2-уми октябр зимни баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти пойтахтро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар мавсими сармо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон Раиси шаҳр дастур доданд, ки дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии босифат, барқ ва энергияи гармиро таъмин намоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"