image

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти увнони «Рушди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон»

date_range15.10.2024, 10:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye83

Қабл аз шуруъи конфронс иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар саҳни донишгоҳ гузошта шуда буд, боздид намуданд. Сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор рафта, ин самти афзалиятнок дар рушди иқтисодиёти кившарҳо нақши муассир мегузорад.

Бо ибтикори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Рушди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Дар кори конференсия роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Зимни маъруза баромадкунандагон изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нотакрор, обҳои ширину шифобахш, мавзеҳои дилфиреб, кӯҳҳои барфпӯш ва ҷойҳои таърихӣ қалби миллионҳо сайёҳҳони ҷаҳонро мафтун сохтааст. Ташкили хатсайрҳои нави сйёҳӣ, додани имтиёзҳои давлатӣ, такмили инфрасохтори соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизмтарасонӣ ба сайёҳон омили рушд кардани сайёҳӣ, махсусан, сайёҳии дохилӣ аз ҷумла, экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва ғайра дар Тоҷикистон гардид. Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, бунёди инфрасохтори зурурии соҳавӣ ва таъмини шароити арзандаи истироҳат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуд ва имрӯз аз чунин шароити мавҷуда сайёҳони дохилию хориҷӣ ба таври васеъ истифода менамоянд.

Тибқи маълумот, воридшавии сайёҳон ба Тоҷикистон аз 121 давлати ҷаҳон сабт шудааст. Сайёҳони хориҷӣ ҳангоми сайёҳат бештар ба манзараҳои зебою тамошобоби мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, махсусан фарҳанг ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷик, меҳмоннавозӣ хӯрокҳои миллӣ ва боду ҳавои мусоиду ҳайвоноти нодираш таваҷҷуҳ доранд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"