image

Ҳамоиши илмии ҷумҳуриявӣ оид ба мавқеи таърихии пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

date_range16.10.2024, 11:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye71

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмии ҷумҳуриявӣ оид ба мавқеи таърихии пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар кори Конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, олимону муҳаққиқон, устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён зикр карда шуд, ки халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи оламиён буданд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст. Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳу зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"