image

Баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Фирдавсӣ

date_range16.10.2024, 11:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye88

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ, сардорони шуъбаи амният, ШВКД-1 ва ШВКД-2, эмомхатибон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия масъалаҳо оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии диннӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар солҳои 2022-2023 ва 6 моҳи аввали соли 2024, Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва беҳтар намудани кор дар ин самт дида баромаданд.

Зимни баромади Раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳукуки ноҳияи Фирдавсӣ гуфта шуд, ки имрӯз ҷаҳон дар ростои бархурди тамаддунҳову фарҳангҳо қарор дорад ва хатари ҳар замон рахна шудани арзишҳои олии фарҳангии миллати мо низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ таъкид гардид, ки тақлиди кур-курона ба фарҳанги либоспӯшии давлатҳои бегона ин пешпо задании фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аст. Ҳоло дар ҷаҳон падидаи нав, зуҳури ҷангҳои иттилоотӣ ба мушоҳида мерасад, ки он миёни абарқудратҳо айни замон шадидан идома дорад ва бо воситаи роликҳои таблиғотӣ, дастгоҳҳои электронии тарғиб ва нашру паҳни варақаҳои иттилоотӣ ба мафкураи инсонҳо бахусус ҷавонон таъсир расонида, онҳоро барои гаравидан ба гуруҳҳои тундагаро моил менамоянд.

Инчунин зимни ҷаласа таъкид гардид, ки имрӯз дар бархе маврид бетарафӣ аз ҷониби сокинон ба мушоҳида мерасад, ки ин амал боиси нигаронӣ аст, зеро оромиву субот барои ҳар як шаҳрванди кишвар азизу муқаддас аст ва ҳифзу нигоҳдоштани он низ бояд масъулияти ҳамагон бошад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат шароити мусоиди кору эҷод фароҳам буда, мардуми кишварамон ба фаъолияти созандаю ободонӣ машғул мебошанд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки зираки сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи пахншавии ҳамагуна равияҳои ба осудагию пешравии кишвар халалворидкунандаро бигиранд ва дар тарғиби арзишиҳои олии миллат саҳмгузорӣ намоянд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"