image

Истиқболи ҳунармандони Давлати Қатар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

date_range16.10.2024, 12:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye79

16 октябр маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст. Ба ин хотир як гуруҳи ҳунармнадони ин кишвар ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе онҳоро роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ,  дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии Давлати Қатар ташкил мегардад. 

Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои канории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар шаҳри Норак низ  дар назар дошта шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки Тоҷикистону Қатар ҳамчун мамлакатҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ, рисолати хешро иҷро менамоянд. Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарони ду давлати дӯст қарор дорад. Дар ин замина рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос ёфта, аз ҷониби ширкатҳои гуногуни телевизионӣ низ намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Ал Ватан»-и Давлати Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"