Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" аз фаъолияти нуҳмоҳаи худ дар соли 2024 натиҷагирӣ намуд
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ фаъолияти касбӣ, меҳнатӣ ва эҷодии кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин давра 13 рӯзноманигор дар Академияи ВАО дар курсҳои такмили ихтисос иштирок намуда, маҳорати касбии худро тақвият бахшиданд. Масъулини Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” давоми 9 моҳи соли 2024 тамоми рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа, бахусус шаҳри Душанберо ҳамарӯза тавассути барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ ва фарҳангиву фароғатӣ ба таври шоиста инъикос менамояд. Ин нукта зимни ҷаласаи навбатӣ низ таъкид гардид.
Суҳроб Ализода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе"-ро дар 9 моҳи соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ кард.
Таъкид шуд, ки барномаи телевизионӣ бояд бо тамошобин робитаи мустақим дошта бошад. Қайд шуд, ки фарогирии “Телевизиони Душанбе” дар баробари 15 шабакаи телевизионии ҷумҳурӣ қарор дорад, ки ин нишондоди сатҳи баланд мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳама чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахт баргузор мегарданд, бо истифода аз “Студияи сайёр”-и МД “Телевизиони Душанбе” сабт гардида, ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Давоми соли 2024 тавассути Студияи калони сайёри телевизионӣ 13 чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва бо Студияи хурди сайёри телевизионӣ-69 чорабинии гуногуни илмиву фарҳангӣ ба навор гирифта шудаанд.
Маъруфҷон Оқилов, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” бобати таҳия ва нашри саривақтии хабару гузориш, очерку барнома ва суҳбату филмҳо ҳисобот пешниҳод карда, иброз дошт, ки дар 9 моҳи соли равон 13 корманди телевизион дар курсҳои омӯзишии Академияи ВАО-и Тоҷикистон иштирок карда, савияи дониш ва маҳоратии кории худро сайқал доданд. Иттилоъ дода шуд, ки нашри хабару маълумот аз “Телевизиони Душанбе” дар шабакаҳои иҷтимоӣ назаррас мебошад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пур кардани фазои иттилоотӣ, ҳамқадами замон будан ва пешниҳоди ҷолиби гузоришу барномаҳо, аз ҷумлаи муҳимтарин тавсияҳо барои тақвияти фаъолияти кормандони “Телевизиони Душанбе” буд.
Таъкид рафт, ки ин шабакаи телевизионӣ тасмим дорад, ки минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир беҳтар намояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ