image

Баргузории Пленуми чоруми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе

date_range17.10.2024, 11:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye76

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки собиқадорон пайваста чорабиниву ҳамоишҳои маърифатӣ ташкил карда мешавад. Инчунин дар шаҳр Шӯрои собиқадорони чангу меҳнат фаъолият дорад, ки дар ташкили ҳамоишҳои гуногун саҳми назаррас дорад.

Ин навбат дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарият ва аъзои фаъоли Шӯро Плениуми чоруми он баргузор шуд.

Зимни баргузории ҳамоиш Раиси Шӯро доир ба фаъолияти он, ҷамъбасти маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷалби собиқадорон барои тарбияи насли наврас ва мавзӯҳои дигари ин самт гузориш пешниҳод намуд.

Ҳамзамон доир ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар 4 ноҳияи пойтахт низ аз ҷониби масъулин ҳисобот пешниҳод гардид.

Таъкид шуд, ки барои омодагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд собиқадорон низ саҳми шоистаи худро гузошта, доир ба моҳияти ҷашн ва аҳимияти таърихии он бо ҷавонон мунтазам мулоқоту вохӯриҳои судмандро ташкил намоянд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"