image

Бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев маҳфили эҷодӣ баргузор шуд

date_range23.10.2024, 10:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye111

Маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев, ки ба 50-солагии фаъолияти ин ҳунарманд бахшида шуда буд, дар театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо шукӯҳи хоса баргузор гардид. Қабл аз оғози қисмати расмии чорабинӣ намоиши филми мустанад доир ба фаъолияти эҷодии мавсуф манзури аҳли нишаст гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, аҳли фарҳанг, дӯстону наздикони ҳунарманд иштирок доштанд.

Зимни баргузории чорабинӣ масъулин баромад намуда, изҳор доштанд, ки ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик Асланшо Раҳматуллоев дар инкишофу пешрафти театру синамои тоҷик нақши мондагор гузоштааст. Бахусус дар бахши ҳаҷв нақшаҳои мондагору диданиро ҳам дар театр ва ҳам дар синамо иҷро намудааст. Ҳар як нақши офаридаи ӯ хеле чаззобу табиӣ буда, дар хотири тамошобин боқӣ мемонад. Зикр шуд, ки Асланшо соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба охир расонда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарманд фаъолият кардааст. Аз соли 1994 ҳунарманд ва коргардони Театри миниатюраи «Оина» мебошад. Дар «Гамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» барин спектаклҳои театр хуб ҳунарнамоӣ кардааст, вале истеъдодаш дар кино бештар намоён аст, ки огоҳони соҳа онро махсус таъкид намуданд.

Нақшҳои иҷрокардааш дар филмҳои бадеии «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита”, «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар», «Афсонаҳои нави Шаҳрзод», «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима», «Соати комендантӣ», «Таъмиргар», «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тилло» ва ғайра хотирмонанд. Ин ҳама дар ҷараёни маҳфил возеҳу равшан баён гардид.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"